САМАРҚАНДУ БУХОРО

ШАКЛИ ДАРХОСТӢ

ЭъзоҳХоҳишмандем ба Шартномаи хизматрасонӣ шинос шавед. Дархости Шумо, ин розигии Шумо ба шартҳо ва иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ мебошад. 

Мехоҳед, ки ба дидори гузаштаи пурифтихори худ – тамаддуни аҷдодон расед ва ҳам дар рӯзҳои истироҳатӣ саёҳати роҳатафзо ва манфиатовари кафолатнок, каммасраф, бехатар ва сифатнок дошта бошед, пас марҳабо ба САМАРҚАНД ё БУХОРО – гавҳораи илму адаб!

Дар поён манзури Шумо 4 бастаи хизматрасонӣ — саёҳат ба Самарқанду Бухоро пешниҳод карда мешавад, ки ҳар кадом вобаста ба арзиши худ маҷмӯи хизматрасониҳоро фаро гирифтааст.


  1. Сайри САМАРҚАНД – 680 сомонӣ / нафар

Давомнокӣ: 2 рӯз / 1 шаб

Мавзеъҳои барои саёҳат имконпазир:

Манзилгоҳи Афросиёб Шоҳи Зинда Масҷиди Ҳазрати Хизр осорхонаи С.Айнӣ Мадрасаи Шердор Бозори Чорсу Регистон  Маҷмааи Имом Ал-Бухорӣ

Намуди саёҳат: гурӯҳӣ (18 нафар)

Таъмин мегардад:

  • нақлиёт (бо шароити муносиб);
  • меҳмонхона-3*;
  • хӯрок (се вақт).

Арзиши роҳхат фаро намегирад: роҳбалад, суғурта, чиптаҳои вуруд ба объектҳо ва хароҷоти дигари шахсиро.


2. Сайри САМАРҚАНД – 950 сомонӣ / нафар

Давомнокӣ: 3 рӯз / 2 шаб

Мавзеъҳои барои саёҳат имконпазир:

Манзилгоҳи Афросиёб Шоҳи Зинда Масҷиди Ҳазрати Хизр осорхонаи С.Айнӣ Мадрасаи Шердор Бозори Чорсу Регистон  Маҷмааи Имом Ал-Бухорӣ

Намуди саёҳат: гурӯҳӣ (18 нафар)

Таъмин мегардад:

  • нақлиёт (бо шароити муносиб);
  • меҳмонхона-3*;
  • хӯрок (се вақт).

Арзиши роҳхат фаро намегирад: роҳбалад, суғурта, чиптаҳои вуруд ба объектҳо ва хароҷоти дигари шахсиро


Сайри САМАРҚАНДУ БУХОРО – 1750 сомонӣ / нафар

Давомнокӣ: 5 рӯз / 4 шаб

Мавзеъҳои барои саёҳат имконпазир:

Дар шаҳри САМАРҚАНД: Манзилгоҳи Афросиёб Шоҳи Зинда Масҷиди Ҳазрати Хизр осорхонаи С.Айнӣ Мадрасаи Шердор Бозори Чорсу Регистон  Маҷмааи Имом Ал-Бухорӣ

Дар шаҳри БУХОРО: Мақбараи сулолаи Сомониён Арки (Қасри) Бухоро  Манораи Калон Чор манора Мадрасаи Девонбегӣ ва Абдулазизхон Баҳоуддини Нақшбанд чашмаи ҳазрати Аюб мадрасаи Мири Араб

Намуди саёҳат: гурӯҳӣ (11 нафар)

Таъмин мегардад:

  • нақлиёт (бо шароити муносиб);
  • меҳмонхона-3*;
  • хӯрок (се вақт).

Арзиши роҳхат фаро намегирад: роҳбалад, суғурта, чиптаҳои вуруд ба объектҳо ва хароҷоти дигари шахсиро


Саёҳати САМАРҚАНДУ БУХОРО – 2500 сомонӣ / нафар

Давомнокӣ: 5 рӯз / 4 шаб

Мавзеъҳои саёҳат:

Дар шаҳри САМАРҚАНД: Манзилгоҳи Афросиёб Шоҳи Зинда Масҷиди Ҳазрати Хизр осорхонаи С.Айнӣ Мадрасаи Шердор Бозори Чорсу Регистон  Маҷмааи Имом Ал-Бухорӣ

Дар шаҳри БУХОРО: Мақбараи сулолаи Сомониён Арки (Қасри) Бухоро  Манораи Калон Чор манора Мадрасаи Девонбегӣ ва Абдулазизхон Баҳоуддини Нақшбанд чашмаи ҳазрати Аюб мадрасаи Мири Араб

Намуди саёҳат: гурӯҳӣ (11 нафар)

Таъмин мегардад:

  • нақлиёт (бо шароити муносиб);
  • меҳмонхона-3*;
  • хӯрок (се вақт);
  • роҳбалад;
  • суғурта;
  • чиптаҳои вуруд ба объектҳо.


САМАРҚАНД (мавзеъҳои саёҳат)

БУХОРО (мавзеъҳои саёҳат)

 

Барномаи / мавзеъҳои ташриф

дар ҳудуди шаҳри БУХОРО:

1. Мақбараи сулолаи Сомониён Мақбараи сулолавии Сомониён (асрҳои IX–X) — ёдгории меъмориест, ки дар он се қабр / гур мавҷуд мебошад; яке аз қабрҳо ба писари Исмоили Сомонӣ, Аҳмад ибни Исмоил таалуқ дорад. Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати нахустини тоҷикон мебошад.
2. Арки (Қасри) Бухоро Арки (Қасри) Бухоро (асри III)ин деворест дар шакли Қаср, ки маркази шаҳри Бухоро иҳота карда. Дар даруни ин Арк (Қаср) шаҳри аслӣ (Шористон ё худ Шаҳристон) бо бораи (пояи) устувор ва ҳафт дарвозаи оҳанин қарор дошт. То асри 20 дар ин Арк се ҳазор нафар сукунат доштанд. Дар даруни Арк қасри ҳукуматдорон, хизматгорони қаср, ҳунармандон / устоҳо, хазинаҳои қолин, либосу анҷом, аслиҳа ва ғайра ҷойгир буданд.
3. Манораи Калон Маҷмаъаи Манораи калон аз ҳама баландтарин сохтмон дар Бухорои қадим ба шумор рафта, баландиаш 46,5 метр мебошад.
4. Чор манора Чор Манора (асри XVII) — мадрасаест, ки аз ҳисоби маблағҳои Халиф Ниёзқул сохта шудааст.
5. Мадрасаи Девонбегӣ Мадрасаи Девонбегӣ (асри XVII) — ёдгории меъморест, ки бо ташаббуси вазир Имомқулихон Нодири Девонбегӣ бунёд гардидааст.
6. Баҳоуддини Нақшбан Баҳоуддини Нақшбанд (асри XIV) — асосгузори силсилаи нақшбандияи тасаввуф. Осори Баҳоуддини Нақшбанд дар асарҳои шогирдонаш Хоҷа Муҳамади Порсо, Абулҳасан Муҳаммад Боқӣ, Мавлоно Яъқуб ибни Усмони Чархӣ ва Шаҳобуддин ибни Амир Ҳамза гирд оварда шудаанд.
7. Чашмаи Ҳазрати Аюб Чашмаи ҲАЗРАТИ АЮБ бо мақбарае иҳота карда шудааст (сохтмони асри XIV). Ҳазрати пайғамбар ҳангоми сафари худ тавассути Бухоро ба ҷое мерасад, ки аҳолии маҳал бинобар гармои сахти тобистон аз нарасидани оби ошомидани азият мекашиданд. Зимнан, бар матлаби нафаре аз бошандагони маҳал ҳазрати Аюб бо дасташ ба замин мекубад ва дарҳол аз он ҷой об фавора мезанад.
8. Мадрасаи Мири Араб Мадрасаи Мири Араб, ёдгории меъмории асри XVI мебошад, ки аз ҷониби шайх Абдуллоҳи Яманн бо лиқоби «Мири Араб» бино шудааст.

Барномаи / мавзеъҳои ташриф

дар ҳудуди шаҳри САМАРҚАНД:

1. Осорхонаи Афросиёб Манзилгоҳи (осорхонаи) Афросиёб (асри VIII п.м.) — шаҳри қадимтаринест, ки бар далолати баъзе махзанҳо аз Мароқанд (пойтахти Суғдиён) ҳам қадимтар аст. Афросиёб, тибқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шоҳи Турон буд.
2. Шоҳи Зинда Мақбараи Шоҳи Зинда (асрҳои XI-XV) — ёдгориест иборат аз маҷмӯи 11 мақбараҳо; паноҳгоҳи (қабри) писарамаки пайғамбар Муҳаммад (с) Қусома ибн Аббос.
3. Масҷиди Ҳазрати Хизр Масҷид ба номи набии Худо Ҳазрати Хизр  (асри VIII) аз ҷониби яке аз шогирдони Қутайба (саҳобаи Муҳаммад (с) сохта шудааст.
4. Ҳазрати Довуд ҲАЗРАТИ ДОВУД (пайғамбари Худо) бинобар таъқиб шуданаш аз ҷониби душманони Ислом дар ҷойе (ғоре) паноҳ гирифта буд, ки имрӯза Самарқанд аст. Ин Ғор муқаддас, зиоратгоҳест, ки шумораи зиёди зоиронро ҷалб намудааст.
5. Маҷмааи Имом Ал-Бухорӣ Имом АБУАБДУЛЛОҲ МУҲАММАД ИБН ИСМОИЛ ИБН ИБРОҲИМ АЛ-ҶУФӢ Ал-Бухорӣ (асри IX) — таълифгари маҷмӯаи ҳадисҳо, осори “Ал-ҷомӣ ас-саҳеҳ”. Пас аз маргаш пайравони мактаби ӯ хеле зиёд гардида, мунтазам ба зиорати мақбарааш, воқеъ дар деҳаи Хартанги Самарқанд ташриф меоранд.
6. Осорхонаи Садриддин Айнӣ Осорхонаи САДРИДДИН АЙНӢ — ин хонаи истиқоматии (то соли 1917) С. Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик,  ки дар ш.Самарқанд воқеъ мебошад.
7. Мадрасаи Шердор Мадрасаи Шердор (асри XVII)– ёдгории меъмориест дар Регистони Самарқанд.
8. Бозори Чорсу Бозори Чорсу (асри XV), дар байни ду роҳ сохта шуда, Самарқандро бо шаҳрҳои Шаҳрисабз ва Бухоро бо ҳам мепайвандад.
9. Регистон Регистон (асрҳои XV—XVI)— майдон ва ансамбли ёдгории қадим буда, аз се мадраса иборат мебошад: мадрасаи Улуғбекмадрасаи Тиллокорӣ ва мадрасаи Шердор.

 

Ваш собственный блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: