СОЧӢ: ИСТИРОҲАТИ БОМАНФИАТ

Сочӣ — яке аз шаҳрҳои калонтарини истироҳатфазои (курортии) Федератсияи Россия мебошад, ки дар қисмати шимолу шарқии соҳили Баҳри сиёҳ ташкил ёфтааст. Масофаи байни шаҳрҳои Сочӣ ва Москав (пойтахти Россия) 1700 км мебошад.

Сочӣ бинобар истироҳатбоб буданаш бо уновни ғайрирасмии “пойтахти” ҷанубӣ, тобистона ва истироҳатии Россия низ ном гирифта мешавад.

Соли 2014 дар Сочӣ Бозиҳои олимпии XXII-ум зимистона баргузор гардид, зимнан омодагиҳо хеле хуб дида шуда, шаҳр ба мисли пойтахти бозиҳои олимпӣ оро дода шуд. Дар ин бозиҳо 88 давлат ва 2800 варзишгар ширкат варзиданд.

 

Ҷолибияти Сочӣ барои сайёҳон, ин иқлими гарм ва субтропикии он, баҳр, кӯҳҳо, чашмаҳои минералӣ, осоишгоҳҳо ва инфрасохтори табобатӣ—барқароркунии саломатӣ, фароғатию дилхушии он мебошад.

Дарозии шаҳр қад-қади соҳили Баҳри сиёҳ ба 145 км баробар мебошад. Масоҳати умумии шаҳр 3502 км2 буда, 81%-и он, объектҳо ва ҳудудҳои ҳифзшавандаро ташкил медиҳад.

 

ЗАЯВКА НА ТУР / ФАРМОИШИ САЁҲАТ

Номгӯи Хатсайр СОЧӢ: истироҳати боманфиат
Р/т (№) Хатсайр ва давомнокии он Сочӣ-I (роҳхати бе табобат)

Сочӣ-II (роҳхати табобатдор)

Намуд ва вақти саёҳат Фардӣ ва оилавӣ, на кам аз 10 рӯз
Мақсади саёҳат ОСОИШӢ, РОҲАТАФЗО, ТАБОБАТӢ, ИСТИРОҲАТӢ ВА САРГУЗАШТДОР
Шакли саёҳат НАҚЛИЁТӢ, ШИНОВАРӢ, ВАРЗИШӢ
Масофа ва вақти Хатсайр 2486 КМ. / 3 соату 30 дақ. роҳ бо ҳавопаймо
Минтақаи (мавзеи) саёҳат: Шаҳри СОЧӢ — осоишгоҳои “Заполяре”, шаҳраки олимпӣ, соҳили Баҳри сиёҳ, боғи Сочӣ, парваришгоҳи бузина—“Адлер”, ҳавзи “Делфин”, манораи тамошои шаҳр
Арзиши (нархи) роҳхат барои як нафар дар 10 рӯз:
Сочӣ-I (бе табобат) 13260 (сенздаҳ ҳазору дусаду шаст) сомонӣ
Таъмин мегардад: роҳбалад/тарҷумон, нақлиёт, шабист, хӯрок — се вақт, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, майдони варзишӣ ва маркази бозии кӯдакона
Сочӣ-II (табобатдор) 14340 (чордаҳ ҳазору дусаду шаст) сомонӣ
Таъмин мегардад: роҳбалад/тарҷумон, нақлиёт, шабист, хӯрок — се вақт, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, майдони варзишӣ ва маркази бозии кӯдакона, табобат (зимни харидории роҳхат муайян мегардад)
Ҷойҳои ташриф Вақти саёҳат Тарзи ҳаракат
Осоишгоҳи “Заполяре” 10 рӯзи пурра, аз ин: Пиёда
Саёҳат ба шаҳраки олимпӣ, соҳили Баҳри сиёҳ 1 рӯз, 5 соат; Саворӣ, пиёда
Саёҳат ба боғи Сочӣ, парваришгоҳи бузина—“Адлер” 1 рӯз, 5 соат; Саворӣ, пиёда
Саёҳат ба ҳавзи “Делфин”, манораи тамошои шаҳр 1 рӯз, 5 соат. Саворӣ, пиёда

1) Шаҳраки олимпӣ · Шаҳрак ва ё боғи олимпии шаҳри Сочӣ зимни омодагӣ ба Бозиҳои олимпии навъи зимистонаи XXII ташкил ёфта, аз иншооти гуногуни варзишӣ, фарҳангӣ ва маишӣ иборат мебошад. Бозиҳои олимпии мазкур соли 2014 бо иштироки 2800 варзишгар аз 88 давлати рӯи ҷаҳон баргузор гардида буд.
2) Соҳили Баҳри сиёҳ · Соҳили Баҳри сиёҳ 1200 км дарозӣ дошта, аз шимол сарҳадҳои Украина ва Қримро пайваст месозад  ва аз ҷануб то сарҳадҳои Абхазия ва Адлере тул мекашад.

· Дар ҳудуди соҳил осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои зиёд сохта шудаанд, ки ҳамасола ба садҳо ҳазор сайёҳон хизмат мерасонанд.

3) Боғи Сочӣ · Дар сатҳи Россия якумин боғи мавзӯиест, ки муҳтавои он хусусияти таърихӣ ва фарҳангӣ касб намудааст. Дар ҳудуди боғ, ки 20,5 га мебошад, атраксионҳо ва маҷмааи меҳмонхонавии «Богатыр» (4 ситорадор) ба сифати қасри асримиёнагӣ ҷой гирифтаанд. Дар боғ 20 атраксионҳо, аз ҷумла, теппаи оилавӣ «Шаролёт» бо дарозии 408 м ва суръати 65 км/ст фаъол мебошад.
4) Парвариш-гоҳи бузина—“Адлер” · Парваришгоҳи бузина соли 1927 дар ҳудуди интститути илмии тадқиқотии тиббӣ ташкил ёфтааст. Яъне, парваришгоҳи мазкур ба ду самт, фароғатӣ ва тиббии тадқиқотӣ равона гардидааст.
5) Ҳавзи “Делфин” · Ҳавзи оббозии “Делфин” дар маркази шаҳри Сочӣ вокеъ мебошад. Дар ин ҷо дар баробари роҳатафзоӣ, ҳамчунин маълумоти хеле зиёд метавонад дар бораи делфинҳо ва қобилиятнокии гирифт. Дар ҳавз баромад ва ё рақсу бозии делфинҳо, афалинҳо ва гурбаҳои дар шакли барномаи маҷмӯи пешкаши тамошобинон карда мешаванд.
6) Манораи тамошои Кӯҳи Охун · Кӯҳи Охун – баландтарин кӯҳ дар ш.Сочӣ буда, дар наздики соҳил ҷойгир мебошад. Дар баландии кӯҳ манораи тамошо сохта шудааст. Дарозии кӯҳ – 5 ва баландии он – 663 м мебошад.

ЗАЯВКА НА ТУР / ФАРМОИШИ САЁҲАТ

Ваш собственный блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: