ЧИЛУЧОРЧАШМА (Сорок четыре родника жизни)

Туристическая программа «Чилучор чашмаи хаёт» (Сорок четыре родника жизни) предусматривает посещение культурных, исторических и поломнических местах.

Хатсайри «Чилучор чашмаи ҳаёт» фарҳангӣ, зиёратӣ ва таърихӣ буда, ташрифи хоҳишмандон ва дӯстдорони табиатро ба зиорати гузаштагон ва барҷастагони дини мубини Ислом ва дидор аз чашмаҳои афсонавӣ ташкил менамояд. Барномаи асосии сайёҳӣ як рӯзи пурра идома ёфта, дар ҳудуди ноҳияҳои Дӯстӣ (Шаҳритуз) ва Носири Хусрав дар доираи мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ бо маҷмӯи ягонаи хизматрасонӣ амалӣ мегардад.

ЗАЯВКА НА ТУР / ФАРМОИШИ САЙЁҲАТ

Номгӯи Хатсайр Чилучор чашмаи ҳаёт
Р/т (№) Хатсайр ва давомнокии он ЯК РӮЗИ ПУРРА

ЧЧ-I — аз ш.Душанбе, гурӯҳӣ

ЧЧ-II — аз ш.Душанбе, оилавӣ

ЧЧ-III — аз ш.Бохтар (Қурғонтеппа), гурӯҳӣ

ЧЧ-IV —аз ш.Бохтар (Қурғонтеппа), оилавӣ

ЧЧ-V — аз ш.Кӯлоб, гурӯҳӣ

ЧЧ-VI — аз ш.Кӯлоб, оилавӣ

Намуд ва вақти саёҳат ГУРӮҲӢ (на кам аз15 наф.);

ОИЛАВӢ (на кам аз 5 наф.) / РӮЗОНА

Мақсади саёҳат ИТТИЛООТНОКӢ, ТАЪРИХӢ, ЗИОРАТӢ, ФАРОҒАТӢ
Шакли саёҳат ПИЁДАГАРДӢ, НАҚЛИЁТӢ
Масофаи Хатсайр (аз ш.Душанбе) 196  КМ.
Баландӣ аз сатҳи баҳр 367 м.
Иштирокчиёни саёҳат Ҳамаи гурӯҳҳо
Ба маблағи хатсайр дохил мегардад: НАҚЛИЁТ, ХӮРОК, РОҲБАЛАД
Вақти оғози саёҳат: ст. 7:00
Макони ҷамъшавӣ: ш.Душанбе, назди бинои «Тоҷикматлубот»
Минтақаи (мавзеи) саёҳат: Ноҳияҳои ДӮСТӢ (Шаҳритуз) ва НОСИРИ ХУСРАВ — МАҚБАРАИ ҲАЗРАТИ ЗАЙНАЛОБУТДИН; ОСОРХОНАИ МАМНУНГОҲИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН”, ЧИЛУЧОРЧАШМА
Арзиши (нархи) Хатсайр барои як нафар*:
– аз ш.Душанбе­ ЧЧ-I — 120 сомонӣ / ЧЧ-II — 180 сомонӣ
­– аз ш.Бохтар (Қурғонтеппа) ЧЧ-III — 80 сомонӣ / ЧЧ-IV — 120 сомонӣ
– аз ш.Кӯлоб ЧЧ-V — 130 сомонӣ / ЧЧ-VI — 190 сомонӣ
* Арзиши (нархи) Хатсайри мазкур аз дигар шаҳру ноҳияҳо мавриди дархости саёҳат иловатан муқаррар карда мешавад.

БАРНОМАИ САЁҲАТ

МАҚБАРАИ ҲАЗРАТИ  ЗАЙНАЛОБИДДИН Ёдгории таърихӣ (асри ХVII) буда, шомили феҳристи “Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Имом Зайналобиддин набераи ҳазрати Алӣ, писари Имом Ҳусайн ва абераи паёмбари ислом Муҳаммад (с) аст, вале дақиқ нест, ки ин мазори ӯст ё танҳо қадамгоҳаш
ЧИЛУЧОРЧАШМА Дар ин мавзеъ панҷ чашмае хуруш мекунад, ки ба 39 зерчашмаҳои хурд тақсим шудаанд. Оби чашма софу мусаффо, инчунин табобатӣ буда, дар он шумораи зиёди моҳиҳо шино мекунанд.

Риявояте ҳаст, ки як барҷастае бо ном Халифа Алӣ (Ҳазрати Алӣ), ба ин мавзеъ омада буд. Бар асоси ҳоҷҷати бошандагон, ӯ аз Худованд хоҳиш кард, ки ба онҳо об бидиҳад ва ба теппаи дастрас зарба зад; ҳар он ҷойҳое, ки ангуштонаш расиданд, об фавора зад, ки имрӯз он панҷ чашмаи мусаффо мебошад.

ОСОРХОНАИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН” Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» 80 сол аст, ки фаъолият дошта, макони зисти ҷонварони нодир ва минтақаи нашъунамои растаниҳои гуногун мебошад. Ин ҷо 180 сар ғизол, 366 сар оҳуи бухороӣ, 142 сар гӯсфанди кӯҳӣ, 61 сар кафтор (гиена) сукунат доранд.

 

 

Ваш собственный блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: