СЕРТИФИКАТ–АРМУҒОНИ САЙЁҲӢ

Сертификат–армуғони сайёҳӣ, ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ беҳтарин туҳфа арзёбӣ мегардад.

Сертификат–армуғони сайёҳӣ арзиши номиналӣ дошта, ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки баробар ба арзиши нишондодашуда аз хизматрасониҳои (хатсайраҳои) ширкати сайёҳӣ ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо истифода барад. Яъне, Сертификат арзишнок буда, ба маблағи нишондодашуда баробарарзиш мебошад ва дорандаи он дар ҳаҷми маблағи муайяншуда метавонад аз ширкати дахлдор роҳхати сайёҳӣ (ройгон) дастрас намуда, ба саёҳат барояд.

Сертификат–армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ / ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:

  1. Аъзои оила – туҳфа ба шахсони наздик мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;
  2. Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо – ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;
  3. Ташкилотҳои варзишӣ – ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ;
  4. Бахши хусусӣ – ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандагрдонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра;
  5. ВАО – ҷиҳати ҷалб ва ҳавасмандгардонии тамошобинон / шунавандагон, тақдими туҳфа ба иштирокчиёни озмунҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.

Ширкати сайёҳии Бунёд-Тур Сертификат–армуғонҳои худро аз рӯи 7 номинал ба амал мебарорад:

  1. Сертификат-300 (бо арзиши сесад сомонӣ);
  2. Сертификат-500 (бо арзиши панҷсад сомонӣ);
  3. Сертификат-1000 (бо арзиши ҳазор сомонӣ);
  4. Сертификат-3000 (бо арзиши се ҳазор сомонӣ);
  5. Сертификат-5000 (бо арзиши панҷ ҳазор сомонӣ);
  6. Сертификат-10000 (бо арзиши даҳ ҳазор сомонӣ);
  7. Сертификати махсус – муштариён ва ё ташкилоту муассисаҳо вобаста ба имкониятҳои худ ва бо арзиши муносиб / дилхоҳ (вале на кам аз 100 сомонӣ) метавонанд Сертификат–армуғони махсус фармоиш диҳанд. Сертификати мазкур, ҳамчунин метавонад суроғавӣ бошад, мс.: “Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Душанбе”, “Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Самарқанд” ва ғайра.

Certificate1 - taj
СЕРТИФИКАТ-АРМУҒОН (аз 300 номинал)

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ДОРАНДАИ СЕРТИФИКАТ

  1. Сертификати мазкур бо номинали / арзиши нишондодашуда ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки аз (дар) дафтари кории ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо роҳхати (хизматрасонии) сайёҳӣ дастрас намояд.
  2. Дорандаи Сертификати мазкур ҳуқуқ дорад, ки:
    • баробар ба арзиши Сертификати мазкур ё ин ки баробар ба маблағи якчанд Сертификат роҳхати сайёҳӣ (ройгон) ба самти дилхоҳ дастрас намояд;
    • дар сурати интихоби хатсайри (роҳхати) гаронарзиш (нисбат ба арзиши Сертификат), фарқияти арзиши муқарраршударо пардохт намуда, роҳхати дилхоҳашро ба даст орад;
    • самт / ҷой, вақт, тарз ва муҳлати саёҳатро интихоб намояд;
    • Сертификати бадастовардаро ба ҳар шахси дилхоҳ, ки қобилияти истифодабарӣ дорад, тақдим кунад.
  3. Фарқияти байни арзиши хизматрасонӣ ё роҳхати сайёҳии харидоришуда (фармоишгардида) ва арзиши Сертификат, агар он аз арзиши Сертификат камтарро ташкил диҳад, бар гардонида намешавад.
  4. Сертификати бадастовардашуда / харидшуда пас гардонида намешавад.
  5. Сертификати гумшуда барқарор карда намешавад.
  6. Иваз кардани Сертификат эквивалент бо маблағи (арзиши) нишондодашуда мумкин нест.
  7. Сертификати фарсуда, нуқсондор ва ислоҳшуда, инчунин
  8. Сертификате, ки муҳлати амалаш гузаштааст, қабул карда намешавад.

ҚАДАМҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ СЕРТИФИКАТ–АРМУҒОНИ САЙЁҲӢ

Дорандаи Сертификат–армуғони сайёҳиро зарур мегардад, ки:

  1. Дар муҳлати барои худ муносиб, аммо на дертар аз муҳлати амали Сертификат, ба ширкати сайёҳии “Бунёд-Тур” бо суроғаи нишондодашуда муроҷиат намояд ё тамос гирад;
  2. Дар муҳлати таъиншуда бо худ Сертификат ва шиноснома гирифта, ба дафтари кории “Бунёд-Тур” ташриф орад;
  3. Дар дафтари кории ширкат аз рӯйхати хатсайрҳои сайёҳӣ хатсайри дилхоҳро мутобиқ ба номинали / арзиши Сертификат интихоб намояд ва роҳхат ба даст орад;
  4. Дар санаи (вақту соати муайян) оғози саёҳат ба ҷойи муқарраршуда, бо худ Роҳхат ва шиноснома гирифта, ҳозир шавад ва ба саёҳат барояд;
  5. Дар сурати боқӣ мондани ҳаққи (маблағи) истифоданашуда аз ҳисоби номинали / арзиши Сертификат, агар хоҳиш дошта бошад, метавонад такроран тибқи қадамҳои 1-4 амал намояд.

ШАКЛИ ДАРХОСТӢ

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ваш собственный блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: