Contract

ШАРТНОМА

ОИД БА ФАРМОИШИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ
ҶДММ «Бунёд–Тур», ки дар асоси Оиннома амал мекунад, минбаъд «Иҷрокунанда», аз як тараф ва шаҳрванд (шахс), ки маълумоти шахсии худро тариқи дархост оид ба фармоиши хизматрасонӣ тавассути низоми электронӣ (шабакаи Интернет) пешниҳод намудааст, минбаъд «Фармоишгар», аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ минбаъд «Тарафҳо» Шартномаи мазкурро, минбаъд «Шартнома», бо мавзӯи (муҳтавои) зайл ба имзо расониданд:
Шартномаи мазкур дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бобҳои 7, 26, 27, моддаи 465), Оинномаи Ҷамъият ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
1. МАВЗӮИ ШАРТНОМА
1.1 Мутобиқи Шартномаи мазкур Иҷрокунанда уҳдадор мегардад, ки ба Фармоишгар маҷмӯи хизматрасониҳоро, ки дар доираи Хатсайри сайёҳӣ ё ҳамчун хизматрасонии алоҳида муқаррар карда шудаанд ва дигар талаботи дахлдорро дар асоси Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонӣ ё Хатсайри сайёҳӣ (тибқи шакли дар сомона (http://bunyodtour.tj) ё хаттии электронӣ муқарраршуда), минбаъд «Хизматрасонии сайёҳӣ», таъмин намояд, зимнан, Фармоишгар уҳдадор мегардад, ки арзиши (маблағи) Хизматрасонии сайёҳиро ба Иҷрокунанда дар муҳлати муайяншуда пардохт намояд.
1.2 Маълумоти дахлдор дар бораи (ё барои) Фармоишгар (Сайёҳ) тибқи Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонӣ оварда мешавад; Маълумот дар бораи Иҷрокунанда дар Шартномаи мазкур ва сомонаи Ҷамъият (http://bunyodtour.tj) оварда шудааст.
2. АРЗИШИ (МАБЛАҒИ) ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ
2.1 Арзиши (маблағи) Хизматрасонии сайёҳӣ мутобиқи Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонӣ ва ё роҳхати сайёҳӣ ё расиди алоқаманд муқаррар карда (нишон дода) мешавад.
2.2 Пардохти арзиши (маблағи) Хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби Фармоишгар бо тартиби зерин ба амал бароварда мешавад:
2.2.1 Ғайринақдӣ — пурра (100%) пешпардохт. Маблағи муқарраршуда бояд ба суратҳисоби бонкии Иҷрокунанда дар муҳлати то 30 рӯзи корӣ, вале на дертар аз 24 соат то вақти (оғози) саёҳат гузаронида шуда, ҳисобномаи дахлдор, дарҳол, ба Иҷрокунанда пешниҳод карда шавад. Оғози муҳлати мазкур, ин лаҳзаи / санаи пешниҳоди Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонӣ муқаррар мегардад;
2.2.2 Нақдӣ — дар мувофиқаи пешакии байни Тарафҳо пурра (100%), вале на дертар аз рӯзи аввали / оғози саёҳат.
2.3 Шакли дигари пардохти арзиши (маблағи) Хизматрасонии саёҳӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқаи байни Тарафҳо муқаррар карда мешавад.
2.4 Иҷрокунанда вобаста ба истифодаи маблағи аз ҷониби Фармоишгар барои хизматрасонии сайёҳӣ пардохтшуда санади иҷрои корҳо / хизматрасониҳо тартиб дода, нусхаи онро ба Фармоишгар пешниҳод менамояд. Дар сурати боқӣ мондани маблағи мазкур, пас аз анҷом ёфтани ҳамаи расмиёти ҳисоббаробаркунӣ, онро (бақияи маблағро) ба Фармоишгар (дар муҳлати то 30 рӯз пас қабул гардидани санади иҷрои корҳо) пас мегардонад (пардохт менамояд).
3. УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
3.1 Иҷрокунанда уҳдадор аст:
3.1.1 Маълумоти пурраро оид ба Хизматрасонии сайёҳӣ ба Фармоишгар пешниҳод намояд;
3.1.2 Дар муҳлати на дертар аз 24 соат то оғози саёҳат ба Фармоишгар ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи ҳуқуқи Фармоишгарро ба (барои) гирифтани хизматрасонии сайёҳӣ (роҳхат, чипта ва ғ.), ки дар доираи Хизматрасонии сайёҳӣ тартиб дода шудаанд, расонад;
3.1.3 Ҳангоми хариди чиптаи электронӣ, иқтибоси онро (чиптаи электрониро), ки фарогири маълумоти мусофират бояд бошад, ба Фармоишгар расонад;
3.1.4 Ба Фармоишгар ҳуҷҷати дахлдорро оиди ба номи ӯ банд гардидани ҳуҷраи дархостшуда — дар меҳмонхона дар доираи Хизматрасонии сайёҳӣ ё берун аз он, расонад;
3.1.5 Бехатарӣ ва маҳрамияти маълумоти мансуб ба шахсияти Фармоишгарро ҳангоми коркард ва истифода зимни татбиқи Хизматрасонии сайёҳӣ таъмин намояд;
3.1.6 Ба Фармоишгар суғуртаи тиббиро, агар чунин талаботро қонунгузории мамлакати (ҷойи) будубоши муввақатӣ пешбинӣ карда бошад, таъмин намояд;
3.1.7 Ба Фармоишгар барои суғуртаи ҳаёт ва дигар таваккалҳо, ки онро шароити татбиқи Хизматрасонии (хатсайри) сайёҳӣ талаб менамояд, мусоидат намояд;
3.1.8 Ҳамаи хизматрасониҳоро дар доираи Хизматрасонии (хатсайри) сайёҳӣ бевосита ва ё бо ҷалби шахсони сеюм амалӣ гардонад.
3.2 Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад:
3.2.1 Фармоиши (брони) Хатсайри сайёҳиро, дар сурати аз ҷониби Фармоишгар вайрон гардидани (риоя нашудани) тартиб ва шартҳои пардохти арзиши (маблағи) он, қатъ гардонад;
3.2.2 Дар сурати сари вақт ҳозир нашудани Фармоишгар ба ҷойи муқаррашуда ва ё умуман истифода нагардидани хизматрасонии пардхотгардида аз ҷониби Фармоишгар маблағи пардохтшударо ба Фармоишгар бар нагардонад ва ё қисми онро бар гардонад;
3.2.3 Фармоишгарро дар доираи талаботи Хизматрасонии сайёҳӣ роҳнамоӣ (дастурдиҳӣ) намояд;
3.2.4 Аз хизматҳои субъектҳои дигари хизматрасонии сайёҳӣ ё алоқаманд истифода намояд.
3.3 Фармоишгар уҳдадор аст:
3.3.1 Талаботи Шартномаи мазкурро пурра иҷро намояд;
3.3.2 Арзиши (маблағи) Хизматрасонии сайёҳиро мутобиқи зербанди 2.2 сари вақт пардохт намояд;
3.3.3 Ба сайёҳ шарту талаботи Шартнома ва дигар маълумоти дахлдорро расонад, инчунин ҳуҷҷатҳои алоқамандро, ки аз ҷараёни корҳои омодагӣ бармеоянд, дастрас гароднад;
3.3.4 Ба Иҷрокунанда барои истифодаи маълумоти шахсӣ танҳо дар амалисозии корҳои барасмиятдарории муносибатҳо, ҳуҷҷатҳо, инчунин пешниҳоди онҳо ба шахсони сеюм — барои татбиқи ҳамин мақсад ва дар доираи талаботи Шартнома метавонад забонхат диҳад. Аз ҳар як сайёҳ низ, чунин забонхатро метавонад талаб намуда, ба Иҷрокунанда расонад;
3.3.5 Ба Иҷрокунанда маълумотҳои дахлдорро, аз ҷумла дар бораи сайёҳон (рақами телефон, почтаи электронӣ ва ғ.) барои робита (тамос) дастрас гардонад;
3.3.6 Ба Иҷрокунанда ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои иҷрои Шартнома сари вақт дастрас гардонад;
3.3.7 Иҷрокунандаро оид ба нарасонидани хизмати дахлдор ва ё хизмати бо сифати паст пешниҳодгардида, аз ҷониби шахсони сеюми ҷалбгардида, иттилоотнок гардонад;
3.3.8 Ҳар хароҷоти берун аз доираи Хизматрасонии сайёҳӣ баамаломадаро аз ҳисоби худ пардохт (ҷуброн) намояд;
3.3.9 Талабот ва дастуру дархостҳои Иҷрокунандаро дар доираи Шартнома иҷро намояд.
3.4 Фармоишгар ҳуқуқ дорад:
3.4.1 Нусхаи ҳуҷҷати намунаи давлатии тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти Иҷрокунандаро ба (барои) хизматрасонии (фаъолияти) сайёҳӣ талаб намояд;
3.4.2 Нусхаи аслии Шартнома ва дигар санадҳои алоқамандро талаб намояд;
3.4.3 Дар доираи муқаррароти Шартнома шароитҳои муносиби хизматрасониро талаб намояд;
3.4.4 Маълумоти дахлдорро оид ба Хизматрасонии сайёҳӣ ва шароитҳои саёҳат талаб намояд;
3.4.5 Ҳангоми гирифтани (дидани) зарари моддӣ ва ё маънавӣ ҷуброни онро талаб намояд, агар сабаби он ба амалҳои худи Фармоишгар ва ҳолатҳои ба иродаи он вобастанабуда алоқамандӣ надошта бошад;
3.4.6 Ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба хадамоти дахлдор муроҷиат намояд;
3.4.7 Барои суғуртаи ҳар як ҳолат (навъи амалиёт), аз ҷумла суғуртаи тиббӣ, суғуртаи ҳаёт, суғурта аз масъулияти иҷрои Шартнома ва ғайра ба Иҷрокунанда муроҷиат намояд;
3.4.8 Мавриди суғурта гардидан (ба воситаи Иҷрокунанда) пардохти маблағи суғуртаро аз Иҷрокунанда талаб намояд.
3.5 Сайёҳ уҳдадор аст:
3.5.1 Арзиши (маблағи) Хизматрасонии сайёҳиро мутобиқи аҳди худ бо Фрамоишгар ба воситаи Фармоишгар ё мустақилона сари вақт пардохт намояд;
3.5.2 Бо субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (Фармоишгар) шартнома ба имзо расонад ва ё ба шакли дигари (аҳдҳо, забонхат ва диг.) таъминкунандаи ҳуқуқи фармоиш, дархост ва истифодаи хизматрасонии сайёҳиро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, талаб намояд;
3.5.3 Талабот ва фармоишу дархостҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро (Фармоишгар ва Иҷрокунандаро) дар доираи шартномаҳои дахлдор иҷро намояд;
3.5.4 Захираҳои сайёҳиро мақсаднок истифода намояд, ба ҷойҳои манъшуда ворид нашавад, роҳрав ва ҷойҳои ҷамъиятиро ифлос накунад, ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ зарар нарасонад, муҳити зистро ҳифз намояд;
3.5.5 Ба мавзеъҳо ва иншооти хавфнок бе омодагии пешакӣ ворид нашавад (набарояд);
3.5.6 Ҳуҷҷатҳои заруриро барои саёҳат ва тартиб додани шартномаи дахлдор саривақт пешниҳод намояд.
3.6 Сайёҳ ҳуқуқ дорад:
3.6.1 Бо субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (Фармоишгар) шартнома ба имзо расонад ё шакли дигари (аҳд) таъминкунандаи ҳуқуқи фармоиш, дархост ва истифодаи хизматрасонии сайёҳиро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, талаб намояд;
3.6.2 Дар доираи муқаррароти шартнома шароитҳои муносиби хизматрасониро талаб намояд;
3.6.3 Маълумоти дахлдорро оид ба Хизматрасонии сайёҳӣ ва шароитҳои саёҳат талаб намояд;
3.6.4 Ҳангоми гирифтани зарари моддӣ ва ё маънавӣ ҷуброни онро талаб намояд, агар сабаби он ба амалҳои худи ӯ ва ҳолатҳои ба иродаи ӯ вобастанабуда алоқамандӣ надошта бошад;
3.6.5 Риояи ҳуқуқҳои дигари худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, талаб намояд.
3.7 Фармоишгар (сайёҳ) медонад ва дарк мекунад, ки дар ҳолатҳои истифодаи хизматрасониҳои (василаҳои) хатарнок, ё саёҳати хавфнок, ба монанди лижаронӣ, кӯҳбароӣ, шикор ва ғайра масъулияти шахсӣ дорад ва дар сурати ба нохушӣ дучор омадан ба Иҷрокунанда даъво надорад; зеро ин гурӯҳи ҳолатҳо ба тавоноӣ, имконият ва иродаи Иҷрокунанда вобастагӣ надоранд.
4. ҶАВОБГАРИИ ТАРАФҲО
4.1. Тарафҳо барои иҷро накардан ва ё номуносиб иҷро кардани уҳдадориҳои худ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
4.2. Иҷрокунанда ба амалҳои (беамалии) сафоратхонаҳои (консулгариҳои, намояндагиҳои) давлатҳо ва ё ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои додани рад ба сайёҳ оид ба гирифтани раводид (надодани раводид) ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати додани раводид аз рӯи Хизматрасонии сайёҳӣ, агар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Фармоишгар ё Иҷрокунада ба сафоратхонаҳои (консулгариҳои, намояндагиҳои) давлатҳо ва ё ташкилотҳои хориҷӣ сари вақт дастрас гардонида шуда бошанд, ҷавобгар намебошад. Дар ин ҳолат маблағи (арзиши) пардохтшуда аз рӯи Хизматрасонии сайёҳӣ бо дарназардошти қисмати кори иҷрошуда, аз ҷумла хароҷоти (бо санадҳо  (расидҳо) тасдиқшуда ба Фармоишгар бар гардонида мешавад.
4.3. Иҷрокунанда ба рад кардани (нагузоштани) воридшавии сайёҳ ба сарҳад ва ё баромадани ӯ аз сарҳад, инчунин ҷарима кардани сайёҳ — бо сабаҳои ба уҳдадориҳои Иҷрокунанда вобастанабуда — ҳангоми гузаштани расмиёти гумрукӣ ва назорати шиносномавӣ, ҷавобгар намебошад.
4.4. Тарафҳо ба ҳолатҳои аз онҳо вобастанабуда (ҳолатҳои фавқулода), ки пешбинии онҳо имконнопазир мебошад, аз ҷумла ҷанг, тазоҳуроти оммавӣ, заминҷунбӣ, фуромадани сел, обхезӣ, сухтор ва дигар офатҳои табиӣ ҷавбогар намебошанд.
4.4.1. Дар сурати ба чунин ҳолатҳо пешорӯ омадан, ки он метавонад ба иҷро нагардидани талаботи Шартнома боис гардад, Тарафи ҷабрдида (ба ҳолати ногувор дучоргардида) ба Тарафи дигар дарҳол хабар медиҳад;
4.4.2. Дар чунин вазъият Шартнома метавонад то муҳлати бартараф шудани ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Тарафҳо мутаносибан тамдид дода шавад. Аммо дар сурати аз 10 рӯз зиёд идома ёфтани чунин вазъ ҳар ду Тараф метавонанд (ҳуқуқ доранд), ки аз иҷрои уҳдадориҳои Шартномавӣ даст кашанд, мувофиқан Тарафҳо ҳуқуқи худро оид ба гузоштани талаботи ҷуброни зарар нисбат ба якдигар гум мекунанд.
5. ТАРТИБИ ҚАТЪ КАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ШАРТНОМА
5.1 Шартномаи мазкур аз рӯзи ба имзо расидан (санаи пешниҳод гардидани Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонии сайёҳӣ) эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуда, то иҷрои пурраи уҳдадориҳо амал мекунад.
5.2 Шартнома метавонад дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқаи хаттии (имзошудаи) Тарафҳо тағйир дода шавад ё қатъ карда шавад.
5.3 Ҳар як тағйирот ба Хизматрасонии (хатсайри) сайёҳӣ ё иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ дар мувофиқаи хаттии Тарафҳо дар муҳлати то 48 соат қабл аз оғози саёҳат ба ворид карда мешавад.
5.4 Ҳар як Тараф ҳуқуқ дорад, ки бинобар сабабу ҳолатҳои ногувори зерин ворид намудани тағйирот ё қатъ гардорнидани Шартномаро талаб намояд:
5.4.1 Бад гардидани вазъ ва шароитҳои саёҳат мутобиқи Хизматрасонии (хатсайри) сайёҳӣ;
5.4.2 Тағйир ёфтани муҳлатҳои саёҳат;
5.4.3 Ғайричашмдошт зиёд гардидани қимат ё арзиши (тарифҳои) хизматрасонии нақлиётӣ;
5.4.4 Имконнопазир будани сафар (саёҳат) барои сайёҳ бинобар ҳолатҳои ба ӯ вобастанабуда (бемории ногаҳонӣ, рад кардан барои раводид ва ғайра).
5.5 Дар сурати қатъ кардани Шартнома бинобар сабаби дучор гардидан ба ҳолатҳои ногувор ҷуброни зарар бар асоси хароҷоти аслии (бо санадҳо (расидҳо) тасдиқшудаи) Тарафҳо ба роҳ монда мешавад.
5.6 Фармоишгар метавонад аз иҷрои уҳдадориҳои Шартномавӣ даст кашад, агар хароҷоти аслии Иҷрокунандаро пардохт намояд.
5.7 Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад аз иҷрои уҳдадориҳои Шартномавӣ даст кашад, агар зарари ба Фармоишгар расидаро ҷуброн намояд.
5.8 Дар сурати қатъ кардани Шартнома то муҳлати оғози саёҳат бинобар дар љойи (мамлакати) будубоши муввақатӣ ба вуқуъ омадани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии сайёҳ зиёновар (хатарнок), ба Фармоишгар маблағи (арзиши) Хизматрасонии сайёҳӣ бар гардонида мешавад. Агар ин вазъият ҳангоми саёҳат рух диҳад, ба Фармоишгар қисми маблағи (арзиши) Хизматрасонии сайёҳӣ бар гардонида шуда, қисми дигар бо дарназрдошти (тарҳи) хароҷотҳои аслии аз рӯи Хизматрасонии сайёҳӣ анҷомёфта, бар гардонида мешавад.
6. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ЭРОДҲО ВА ҲАЛЛИ БАҲСУ ИХТИЛОФОТҲО
6.1 Ҳама баҳсу ихтилофоте, ки дар ҷараёни татбиқи Шартнома байни Тарафҳо пайдо мегарданд, дар доираи гуфтушуниди Тарафҳо ҳал карда мешаванд. Дар сурати ҳалли худро наёфтани баҳсу ихтилофоти Тарафҳо, онҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
6.2 Эродҳо нисбат ба сифати Хизматрасонии сайёҳӣ ба Иҷрокунанда, дар шакли хаттӣ, дар муҳлати то 15 рӯзи тақвимӣ пас аз анҷом ёфтани амали Шартнома пешниҳод карда мешаванд. Мувофиқан, онҳо бояд дар муҳлати то 10 рӯзи тақвимӣ аз ҷониби Иҷрокунанда баррасӣ карда шаванд.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
7.1 Шартнома бо забони тоҷикӣ тартиб дода шуда, он аз санаи пешниҳоди Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонии сайёҳӣ басташуда ба ҳисоб рафта, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
7.2 Хизматрасонии сайёҳӣ, замимаҳои дигар, инчунин тағйиру иловаҳо ба Шартнома ҷузъи ҷудонопазири Шартномаи мазкур мебошанд.
7.3 Вобаста ба муқаррароти дигар, ки дар Шартномаи мазкур дарҷ нагардиданд ё ба инобат гирифта нашудаанд, Тарафҳо қонунгузории ҷориро ба роҳбарӣ мегиранд.
8. СУРОҒА ВА НИШОНИИ БОНКИИ ТАРАФҲО:
ИҶРОКУНАНДА:
ҶДММ «БУНЁД-ТУР»
  • 734042, ш.Душанбе, х.С.Шерозӣ 11
  • Тел.: (+992) 44-625-7575, 93-126-1134
  • info@bunyodtour.tj
  • Нишонии бонкӣ:
  • ФҶСК «Бонки Эсхата» дар н.Шоҳмансури ш.Душанбе
  • С/ҳ. ҷорӣ: 20202972600240100186
  • РМА: 010098739
  • РМБ: 350501707
  • С/ҳис. мур.: 20402972457071000000
ФАРМОИШГАР:
Шахсияти худро (ному насаб, суроға, рақами телефон ва почтаи электронӣ) бар асоси маълумот, ки тибқи Дархост оид ба фармоиши (брони) хизматрасонии сайёҳӣ оварда шудааст, тасдиқ менамоям.
Бо маълумоти дар Шартномаи мазкур овардашуда пурра шинос шудам, онро пурра ҷонибдорӣ / қабул, татбиқ ва амалӣ менамоям.
Ба риоя кардани талаботи Шартномаи мазкур масъулияти шахсӣ дошта, дар сурати вайрон кардани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам.
Тасдиқи (имзои) Шартнома: Аҳди мазкур электронӣ мебошад; санаи пешниҳоди дархост оид ба фармоиши хизматрасонӣ (тариқи воситаи электронӣ) — санаи шиносшавӣ, розигӣ додан ба муқаррарот ва бастани (имзо гардидани) Шартномаи мазкур дониста мешавад.

Шакли PDF — ШАРТНОМАИ ЭЛЕКТРОНӢ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ваш собственный блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: